«САЛОМ, ТОҶИКИСТОН!». Гурӯҳи нахустини сайёҳони Ўзбекистон ба Тоҷикистон омад

«САЛОМ, ТОҶИКИСТОН!». Гурӯҳи нахустини сайёҳони Ўзбекистон ба Тоҷикистон омад
Марта 20, 2018
Бори аввал Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор гардид
Марта 22, 2018
Show all

«САЛОМ, ТОҶИКИСТОН!». Гурӯҳи нахустини сайёҳони Ўзбекистон ба Тоҷикистон омад

????????????????????????????????????

Бо шарофати ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо кишварҳои олам густариш меёбад.

Дар заминаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд, гурӯҳи аввалини сайёҳони Ўзбекистон ба Тоҷикистон омаданд.

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конференсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ўзбекистон нигаронида шудааст.

Тибқи созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ҳуқуқ доранд, ки  ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид  ба  кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Оғоз гардидани сафари бераводид миёни Тоҷикистону Ўзбекистон занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Нахустин гурӯҳи сайёҳони Ўзбекистонро намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуда, дар назди муҷассами Исмоили Сомонӣ ҳамоиши «Салом, Тоҷикистон!» баргузор гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барномаи ҷолиби боздид аз имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.

????????????????????????????????????

????????????????????????????????????