Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» эътироф гардид

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШТАРАК ВОБАСТА БА ТАТБИҚИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИВУ ГУМРУКӢ
Марта 14, 2018
«САЛОМ, ТОҶИКИСТОН!». Гурӯҳи нахустини сайёҳони Ўзбекистон ба Тоҷикистон омад
Марта 20, 2018
Show all

Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» эътироф гардид

Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва  «MITT», ки бори нахуст онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — кишвари кӯҳҳои баланд ва дилҳои нарм» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба маъраз гузоштаанд, аз ҷониби ташкилкунандагони Намоишгоҳ ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» арзёбӣ гардид.

Дар намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор ба иштирокчиён муаррифӣ гардида, дар он ширкатҳои сайёҳии «Роҳат тур», «Помир пикс»,  «Бадахшон тревл», «М Сайёд», ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон» ва осоишгоҳи «Сатурн» ширкат доштанд.

Мавриди зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» яке аз панҷ намоишгоҳи бузурги сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҳамасола аз 200 минтақаву кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 2000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои худро пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат менамоянд.