БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШТАРАК ВОБАСТА БА ТАТБИҚИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИВУ ГУМРУКӢ

БОРИ АВВАЛ гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва муаррифӣ мегардад
Марта 13, 2018
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» эътироф гардид
Марта 16, 2018
Show all

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШТАРАК ВОБАСТА БА ТАТБИҚИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИВУ ГУМРУКӢ

Санаи 13 марти соли 2018 дар заминаи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Кумитаи рушди сайёҳӣ , Кумитаи андоз, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, хадамоти гумрук бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандон вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва дар маҷмуъ низоми андозбандӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар бахши сайёҳӣ, ки бо талошҳои Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд, натиҷаҳои самаранок ба бор оварда истода, дар тӯли панҷ моҳи охир зиёда аз 20 ширкатҳои нави сайёҳӣ ба бозори сайёҳии  Тоҷикистон ворид гардида, фаъолияти худро ба таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, пешниҳоди он ба муштариён ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ сафарбар намуданд.
Ҳамзамон, соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори ин соҳа дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, инчунин ба андозаи 50% коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав ҳавасманд гардонид.
Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ  аз ҳамаи намудҳои андоз  озод намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ боиси такони нав бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳё гаштани ҳунарҳои аз байнрафта ва ҳарчӣ зиёдтар баровардани маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ  мегардад.
Бояд зикр намуд, ки самаранок амалишавии имтиёзҳои  номбаршуда  ҳамчунин, барои алоқаи мустаҳкам ва самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди менеҷменти саноати сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ба таври кофӣ гузаронидани корҳои таблиғотию – рекламавӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, такони љиддї мебахшад.
Дар идомаи кори ҷаласа байни иштирокчиён доир ба нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, ҷиҳати имтиёзҳои пешбинигардидаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ширкатҳои сайёҳӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.