БОРИ АВВАЛ гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва муаррифӣ мегардад

Таджикский уголок «Таджикистан-крыша мира» на выставке «Интурмаркет-2018»
Марта 12, 2018
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШТАРАК ВОБАСТА БА ТАТБИҚИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИВУ ГУМРУКӢ
Марта 14, 2018
Show all

БОРИ АВВАЛ гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва муаррифӣ мегардад

Имрӯз дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Экспоцентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» ифтитоҳ гардида, то санаи 15 марти соли љорї давом мекунад.

Дар намоишгоҳи байналмилалии мазкур бори нахуст гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари куҳҳои баланд ва дилҳои нарм» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам  Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, куҳнавардию шикор ба иштирокчиён муаррифӣ карда мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» яке аз панҷ намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҳамасола аз 200 минтақаву кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 2000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои худро пешкаши дўстдорони сайру саёҳат менамоянд.

Қобили қайд аст, ки яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ин иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад.

Мусоидати ҳукумати ҷумҳурӣ барои иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ ба васеъ гаштани ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаҳои мусоид фароҳам оварда истодааст.