ГЎШАИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ИНТУРМАРЕКТ МУАРРИФӢ МЕГАРДАД…

20 ШИРКАТИ НАВ БА БОЗОРИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД ГАРДИДАНД! Имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар бахши сайёҳӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд
Марта 9, 2018
Таджикский уголок «Таджикистан-крыша мира» на выставке «Интурмаркет-2018»
Марта 12, 2018
Show all

ГЎШАИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ИНТУРМАРЕКТ МУАРРИФӢ МЕГАРДАД…

Имрӯз дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2018» ифтитоҳ гардида, то санаи 12 март давом мекунад.

Дар намоишгоҳи имсола гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ зери шиори «Тоҷикистон – боми ҷаҳон» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам  Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

Намоишгоҳи мазкур дар майдони 2800 метри мураббаъ бо иштироки 1430 ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳо мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Ватани азизамон пайваста зиёд мегардад.