Гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Берлин бо тарҳи ҷадид муаррифӣ мешавад

НАМОИШИ БАҲОРИИ ҲУНАРМАНДӢ
Марта 3, 2018
20 ШИРКАТИ НАВ БА БОЗОРИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД ГАРДИДАНД! Имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар бахши сайёҳӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд
Марта 9, 2018
Show all

Гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Берлин бо тарҳи ҷадид муаррифӣ мешавад

Дар заминаи сиёсати «Дарҳои кушод»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро зери шиори «Тоҷикистон -кишвари сайёҳӣ» бо тарҳи нав ва унсурҳои миллӣ, ки инъикосгари захираҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар мебошад,  7-11 марти соли 2018 дар калонтарин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ҷаҳон «ITB-Берлин» пешниҳоди дӯстдорону ҳаводорони сайру саёҳати ҷаҳон мегардонанд.
Дар чорабинии мазкур 30 нафар намояндагон аз 16 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Намоишгоҳи мазкур якҷоя бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо ҷалби ширкатҳои ватанӣ ва олмонӣ вохӯрӣ доир намояд. Дар чорабинии мазкур имкониятҳои сайёҳии кишвар ба ҳамтоёни олмонӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Қобили тазаккур аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Берлин» ҳамасола таҳти ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад ва иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар намоишгоҳи мазкур, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар хеле судбахш мебошад.
Ҳамзамон, чун анъана дар доираи Намоишгоҳ вохўрии вазирони мақомоти сайёҳии кишварҳои масири Шоҳроҳи Абрешим баргузор мешавад.