Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар Тоҷикистон низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон амал мекунад
Февраля 28, 2018
НАМОИШИ БАҲОРИИ ҲУНАРМАНДӢ
Марта 3, 2018
Show all

НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”дар ҳамкорӣ бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни гулгашти Академия Намоишгоҳи сайёҳиро баргузор намуд.

Дар кори чорабинӣ роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва рӯзноманигнорону хабарнигорон иштирок дошанд.

Дар Намоишгоҳ мавзеъҳои ғолиби сайёҳии ҷумҳурӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои қадимаи халқи тоҷик аз қабили сузаниҳо, қуроқдузӣ, либосҳои миллӣ, кулолгарӣ, ки аксарияташон аз ҷониби донишомӯзони Академия омода шуда буданд, ба намоиш гузошта шуд.