Cаёҳати дохилии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мавзеи лижаронию сайёҳии Сафед-дара

Конфронси сайёҳӣ таҳти унвони «Омилҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат»
Декабря 28, 2017
Паёми Пешвои миллат – заминаи рушди сайёҳӣ
Декабря 30, 2017

Cаёҳати дохилии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мавзеи лижаронию сайёҳии Сафед-дара

Бо ташаббуси  Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардид, санаи 30 декабри соли 2017 саёҳати дохилии  шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мавзеи лижаронию сайёҳии Сафед-дара доир намуд.

Бояд қайд кард, ки ташкил  намудани чунин саёҳатҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ, арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки  ширкатҳои сайёҳӣ Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилгармӣ қабул намуда, нуқтаҳои асосии онро сармашқи кору фаъолияти худ қарор медиҳанд.