Ёдгории таърихии Аҷинатеппа

Ёдгории Таърихии Аҷинатеппа  дар ҷамоати деҳоти шаҳрики Киров дар қисми ҷанубу ғарбии деҳаи Қизилсой(180м) ҷойгир шудааст. Аҷинатеппа аз маркази ноҳияи Вахш дар самти шимолии шаҳраки Вахш дар масофаи 12 км воқеъ гардидааст.

Аҷинатеппа ба асрҳои XII-XIII мелоди мансуб мебошад.Дайри буддоии Аҷинатеппа дар худуди деҳаи Эшмурдов, дар масофаи 12 км дуртар дар самти шарқии шаҳри Бохтар воқеъ гардидааст. Дайри Аҷинатеппа шакли росткунҷа дорад: 100 х 50 м. Он  дар ду қисм иборат буда,  дар маркази ҳар яке ҳавлии мураббаъи он бо иморатҳо иҳоташуда вуҷуд дошт. Ҳадди аксари андозаи ступа аз таҳкурсӣ 28 м ва баландии он  6 м мебошад. Девораҳо нақшунигор шуда буданд. Дар болои суффаҳои назди деворҳо ва тоқҳо муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвон хобида буд.

Маводи асосии сохтмонӣ хиштҳои гилӣ ва лойӣ бо деворҳои ғафсиашон 2,2-2,4 м буданд. Ҳуҷраи росткунҷаи дохилӣ бо акшҳо ва чоркунҷааш бо гунбазҳо тоҷгузорӣ шудааст. Дайр ва қисми маъбадро расмҳо, муҷассамаҳои хурду калон оро медоданд. Муҷассамаҳои Буддо дар давра ва марҳилаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Буддоро нишон медоданд.

Дар охири қисми шарқии долони маъбад, муҷҷасамаи азимҷуссаи хобидаи Буддо дар Нирвана пайдо гардид.

Дарозии ҳайкал 12 метрро ташкил дода ҳама қисмҳои муҷассама аз гил ва ашёи либос сохта шудаанд. Ковишҳои муҷассамаи Аҷина-Тепа соли 1975 ба итмом расид. Ин як дайрхонаи муҳими буддоиён дар водии Вахш ҳисоб меёбад.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Хоча Оби Гарм»

Осоишгохи Хоча Оби Гарм соли 1934 ташкил ёфта буд. Осоишгоҳ дар 50 километрии шимоли Душанбе дар қисми марказии нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 1940-1960

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шоҳроҳи Помир

Шоҳроҳи Помир – яке аз хушманзартарин роҳҳои дунё ба ҳисоб рафта баландтарин роҳи собиқ иттиҳоди шуравӣ мебошад. Ин шоҳроҳ дар асри XIX пайдо шудааст. Ин

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ривояти Яшилкӯл

Аҳолии тоҷики муқими ноҳияи Мурғоб низ ин кӯлро Суманкӯл меноманд. Тибқи ҳикоя духтаре бо номи Суман бо як писари хурдсол вомехӯрад ва онҳо ошиқ шуда,

Муфассалтар »