Қалъаи Ямчун, ноҳияи Ишкошим

Қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 км аз маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳия Ишкошим дар масофа 72 км қарор дорад.

Ривояти Ямчун

Дар миёни сокинони ноҳияи Ишкошим то кунун ривоятҳое оид ба қалъаи Ямчун боқӣ мондаанд, ки тибқи онҳо ҳокими қалъаи Ямчун ва Исор Зангибор ном шахс будааст. Ў бародари Қаҳ- Қаҳа будааст. Вақте, ки Ҳазрати Алӣ Қаҳ- Қаҳаро ба қатл мерасонад ба Зангибор пайғом мефиристонад, ки вай бояд таслим шавад, дини исломро қабул карда мусулмон шавад. Зангибор даъвати Алиро қабул намекунад ва ба ҷанг омода мебинад.

Вале вақте, ки Ҳазрати Алӣ бо ў ба ҷанг медарояд, Зангибор шикаст хўрда мегурезад. Ҳангоми гурехтан ба шохи хушкшудаи амрўди азимҷусса бархўрда, шохи амрўд синаашро шикоф карда Зангибор ба ҳалокат мерасад.Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» ба қайд гирифта шудааст.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба қалъаи Ямчун

Қалъаи Ямчун дар масири шоҳроҳи Хоруғ- Ишкошим Мурғоб ҷойгир аст. Барои расидан ба он сайёҳон метавонанд аҳ нақлиёти ҷамъиятӣ: автобусҳои хурд, мошинҳои хусусӣ, ки ҳар рӯз байни Хоруғ ва маркази ноҳияи Ишкошим ҳаракат мекунанд истифода баранд. Ба саиёҳон лозим меояд, ки боз 8 км роҳи болоӣ ё 4 км роҳи ростро ба қуллаи баландро тай кунанд. Роҳ ба сӯи қалъа мумкин аст беҳтарин бо мошини хусусӣ ҳаракат кунад. Саёҳон ҳамчунин дигар метавонанд ҳангоми сафар дар роҳи Мурғоб ба ноҳияи Ишкошим ба тамошои ин қалъа раванд.

Вилояти Хатлон

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ин мақбара ёдгории таърихӣ-бостонӣ асрҳои XIY-XY мелодист, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Сохтмони ин ёдгории таърихӣ аз санъати хоссаи меъморӣ, ҳунари баланди устоҳои чиррадасти

Муфассалтар »
Турпакетҳо

ДУШАНБЕ СИТИ ТУР

Шаҳре, ки дар сабзи боғҳо ва майдонҳо ғарқ мешавад. Фасл: — тамоми сол Ба нарх дохил карда шудааст: — трансфер — чиптаҳои воридшавӣ Давомнокӣ: —

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Тиргон

Тиргон ё ҷашни пухтани гандум дар замони тамаддуни арийҳо ҷашн гирифта мешуд. Тибқи ҳисоби григорианӣ он ба оғози моҳи тақвимӣ рост меояд ва ба 3

Муфассалтар »