Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Дар соли 1999 дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва “Озодӣ”), дар қисми марказии  ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 солагии ҷашни давлати Сомониён аввалин давлати тоҷикон, “Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) Исмоили Сомонӣ сохта шуд.

Ҳангоми боздид аз маконе, ки муҷассамаи мазкур воқеъ аст меҳмонон ва сайёҳон метавонанд маълумоти пурра дар бораи ҳаёту фаъолияти шоҳ Исмоили Сомонӣ ва таърихи ҳукумронии ин Қаҳрамони миллати Тоҷик маълумоти пурра ва саҳҳеҳ пайдо намоянд. Бояд қайд намуд, ки баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ – 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷассамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тиллоӣ (диаметраш 5 метр) оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 м аст. Дар дохили он осорхона ва нусхаи мақбараи Сомониён (асри IX—X дар ш. Бухоро) низ сохта шудааст. Аз ду ҷониби муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд.

Имоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард.

Муҷассама  макони асосии боздиди сайёҳон аз шаҳри Душанбе буда, ҳамчун ёдгории муҳимтарини меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар гирду атрофи он, боғҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва мабраз мавҷуд аст.

Вилояти Хатлон

Мақбараи Мавлоно Обиддин

Мақбараи Мавлоно Обиддин ёдгории таърихист, ки дар қисмати ҷанубу шарқии деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Мақбара дар замони шӯравӣ хароб карда шудааст. Хишти деворҳои

Муфассалтар »
Uncategorized

Қалъаи Қаҳ-Қаҳа

Қаҳ-Қаҳаи ноҳияи Ишкошим аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км, аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км дар самти ҷанубу шарқи дар баландии

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Қалъаи Вамар

Қалъаи Вамар яке aз ёдгориҳои боҳашамати таърихӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қалъаи Вамар дар қисмати ҷанубӣ ва ғарбии шаҳраки Вамар, дар соҳили дарёи

Муфассалтар »