Мақбараи Шоҳи Хомӯш

Мақбараи Шоҳи Хомӯш ёдгории таърихию меъмории асри XV-XVI буда. дар деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминобод ҷойгир шудааст. Номи Шоҳи Хомуш дар бисёр маъхазҳои таърихӣ аз асри XVI сар карда ҳамчун аҷдоди ҳокимони Бадахшон зикр шудааст. Маъхазҳои хаттӣ нишон медиҳанд, ки ӯ соли 1066 дар шаҳри Исфаҳони Эрон таваллуд шуда, дар назди шайхҳои маъруфи суфӣ таҳсил кардааст. Ин мубаллиғ ба минтақаи Шуғнони Бадахшон сафар карда, ба духтари ҳокими маҳаллӣ издивоҷ кард ва сипас аз онҷо Хатлон рафт. Дар он ҷо ҳам ӯ бо духтари ҳокими маҳаллӣ издивоҷ кард. Бино ба гузоришҳо, ӯ дар ноҳияи ҳозираи Муъминобод, вафот кардааст.

Тарҳи меъмории мақбара

Мақбараи Шоҳи Хомӯш иншооти росткунҷаи 12 8м, ки аз хишти пухта бино гардидааст. Мақбара аз ду ҳуҷра-зиёратхона ва гӯрхона иборат аст, ки дар он яке аз орифон, яке аз мубаллиғони дини ислом Имом Саид Мир Ҳасаншоҳ бо тахаллуси Шоҳи Хомӯш дафн гардидааст. Дар атрофи мақбара боз 9 дахмаи аз хишти пухта сохташуда мавҷуд аст, ки яке аз онҳо б ба номи Султон Санҷар маъруф аст. Дахмаҳо ба охири қарни XI ибтидои қарни XII ва мақбара ба қарнҳои XV-XVI мелодӣ тааллуқ доранд. Намои асосӣ ва пешайвони мақбара ба самти шарқ нигаронида шудааст, ки тақрибан тамоми қисми пешро ишғол намуда, бо пештоқ оро ёфтааст. Пештоқ қисми зиёди наморо фаро гирифта, ду тарафи даромадгоҳи намо барҷастагии дарозрӯя дорад.

Мақбара бо қабати ғафси гили сафолин пӯшонида шудааст, ки намуди зоҳирии онро ба таври ғайриоддӣ ҳамвор ва кунҷҳои онро пинҳон кардааст. Сутунҳои ду тарафи портал конус шакл ба самти боло нигаронида шудаанд ба бомҳои аз ашёи хом помол шуда мерасанд. Дар байни онҳо дар чорчӯбаи росткунҷа арке бо нугҳои тез мавҷуд аст. Дар болои аркаи порталӣ дар девори хом се лансет бурид шудаанд, ки сӯрохиҳо шаклан номунтазам доранд. Мақбара аз зиёратхона ва гӯрхона иборат аст. Дар пушти он зиёратхона ҳаҷман хурд (3х4) мавҷуо аст, ки гунбаз ва равоқҳои балхӣ дорад. Дар гурхона чаҳор санги қабр мавҷуд ҳастанд.

Шакли мураббаи гӯрхона аз ҳисоби чаҳор тоқ васеъ гардидааст. Яке аз тоқҳо, ки дар канори шарқ воқеъ гаштааст, гӯрхонаро бо зиёратхона мепайвандад. Ду тоқи пайконшакли дигар бо панҷараи ситорадор оро дода шудааст. Гунбази гӯрхона бар устувонаи ҳашттарк такя мекунад Мақбара намунаи мактаби меъмории маҳаллист. Тадқиқотҳои бостоншиносӣ маълум карданд, ки дар зери гӯрхона сағона воқеъ гаштааст. Баландии сағона 2м буда, он пӯшиши балхӣ дорад. Дар сағона се тан дар тобутҳои хиштини рӯкушод хобидаанд. Деворҳои гӯрхона аз деворҳои сағона дуртар сохта шудаанд. (Ниг Энсиклопедияи Советии Тоҷик). 1977-1988.

Дар назди мақбараи Шоҳи Хомӯш як масҷиди калон ва боҳашамати ҳамном мавҷуд аст, ки бо кандакории беназири устодони маҳаллӣ оро ёфтааст. Сутунҳои боҳашамат, ки бо кандакории дастии аслӣ, чӯбҳои рангоранг ва зебо масҷидро медиҳанд дили ҳар саиёҳро ба худ ҷалб мекунанд. Ҳар як нақшу ҳайкалҳои нозук бо забони шевои бадеӣ шакли бой ва анъанавӣ ва миллии санъати меъмории халқи тоҷикро инъикос мекунанд. Таъмири охирини масҷид дар ибтидои асри 20 аз ҷониби устодони боистеъдоди маҳаллӣ анҷом дода шуда буд.

Аксҳо

Роҳи сафар ба макон

Зиёраткунандагон метавонанд тавассути макони роҳи автомобилгарди Душанбе -Кӯлоб ва Мӯъминобод ба ин макон расанд. Масофаи байни Душанбе ва Мӯъминобод 232 км аст. Масофаи байни Кӯлоб ва Мӯъминобод 40 км. Меҳмононе, ки ба зиёратгоҳ мераванд, маҷбур мешаванд дар ин роҳи асосӣ дар кунҷи аввале, ки ба деҳаи Лангар мебарад, истанд.

Мехмонхонахо

Khujand Deluxe Hotel 4*

Меҳмонхонаи чорситорадори “Хуҷанд Делюкс” дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Он иҷораи ройгони велосипед, тарабхона ва барро пешниҳод мекунад. Ин меҳмонхонаи 4-ситорадор хидматрасонии консерж ва анбори

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»

Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ин мақбара ёдгории таърихӣ-бостонӣ асрҳои XIY-XY мелодист, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Сохтмони ин ёдгории таърихӣ аз санъати хоссаи меъморӣ, ҳунари баланди устоҳои чиррадасти

Муфассалтар »