Мағораҳои Шахта, ноҳияи Мурғоб

Ин ғор дар масофаи 40 км дар тарафи ҷанубу-ғарбии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ғор даромадгоҳи кушод дошта, дохили он хушк ва рўяш ба тарафи офтоббаро яъне ба шарқ мебошад. Паҳноии он дар даромадгоҳ 7,5 метр ва чуқурии он 6 метр мебошад. Ғор дар натиҷаи кафиши тектоникӣ ба вуҷуд омадааст. Дар калпи ғор 7- расм аст, 4-тои он каму беш то замони мо боқӣ мондаанд. Ин тасвирҳо дар сатҳи девори ҷанубии нимғора дар баландии 1,6-2 метр аз сатҳи замин кашида шудаанд. Ҳамаи онҳо бо рангии табии сурх кашида шудаанд.

Дар мағораи Шахта дар рўйи санг бо ранги сурх расмҳое кашидаанд, ки онҳо қадимтарин тасвирҳои рўи санг дар Осиёи Миёна, дар баландтарин нуқтаи дунё 4200 метр аз сатҳи баҳр ба шумор меравандДар асл бошад дақиқтар дар тасвирҳо як одам бо ниқоби шутурмурғ як хуки ваҳширо шикор кардани аст. Дар баробараш хирс ва хашгов (қутос) тасвир ёфтаанд. Дар расми ба бадани яке аз хашговҳо ду пайкони найза ва дар дигар тасвирҳо ҳам пайкони найзаҳо ба баданашон расидааст.

Яке аз хусусияти қадимӣ будани ин тасвирҳо дар он аст, ки онҳо бо ранг тасвир шудаанд, ки чунин тарзи расмкашӣ бо ранг дар дигар ноҳияҳои Осиёи Марказӣ дучор наомадааст. Мағораи Шахтаро бостоншиносони рус барои қулайтар талаффуз кардан ба забони русӣ мувофиқ карда онро «Шахта» номидаанд. Дар асл бошад ин калима дар забони вахони «Шах» дар забони шуғнонӣ «Таах» ифода шуда маънои «санги калон»-ро дорад.

Гирду атрофи ин ёдгорӣ аз флораю (гиёҳҳои гуногуни шифоҳбахш) фауна (теъдоди зиёди бузи кўҳӣ, гўспанди кўҳӣ, суғур, гург, хирс) дида мешавад. Ҳатто дар худи мағораи шахта мумиёи дар ҳолати таббиӣ мавҷуд аст. Тасвирҳои мағораи Шахта бори нахуст соли 1958 аз тарафи экспедитсияи бостоншиносон бо сардори бостоншиноси маъруф В.А. Ранов ёфта шуданд ва мавриди омўзиш қарор дода шуданд. Дар натиҷа муайян шудааст, ки тасвирҳои мағораи Шахта мансуб ба маданияти неолити охир, ба ҳазорсолаҳои VIII – V то эраи мо таалуқ доранд ва таърихи 10-7 ҳазорсола доранд.. Ба ақидаи ин олимон тасвирҳои ғори Шахта аз рўи сабки худ ба тасвирҳои давраи палеолити Фаронса хеле шабоҳат доранд, ва иқлими хушки Помири Шарқӣ сабаб гардидааст, ки онҳо то замони мо боқӣ мондаанд.

Аксҳо

Роҳи сафар ба мағораҳои Шахта

Ба ғори Шахти метавон бо сафари чандсоафт аз маркази ноҳияи Мурғоб расид. Саёҳоне, ки тавасути шоҳроҳи Помир аз Мурғоб ва Хоруғро мераванд, бояд пас аз 40 км аз ин шоҳроҳ дур шуда роҳи дурдасти шағал тай намояд. Ин роҳ дар ниҳоят онҳоро ба макони петроглифҳо, ки маъруф ба ғорҳои Шахтӣ ҳаст, мебарад. Ғорҳои шахти дар водии хушк ва биёбони Чештеба ҷойгиранд, ки нишонаҳои каме барои роҳу ва сафар дар онҷо мавҷуданд. Барои ҳамин ба сайёҳон тавсия дода мешавад, ки ба ин макон ҳамроҳи роҳбаладони таҷрибадор ва донишманд, хусусан таърихшинос ё бостоншиносон сафар кунанд.

Душанбе

Боғи Садриддин Айнӣ

Боғи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ дар қисми шимолӣ ҷойгир шудааст. Боғи Садриддин Айнӣ боғи фарҳангию фароғатӣ, ки соли

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ин мақбара ёдгории таърихӣ-бостонӣ асрҳои XIY-XY мелодист, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Сохтмони ин ёдгории таърихӣ аз санъати хоссаи меъморӣ, ҳунари баланди устоҳои чиррадасти

Муфассалтар »