Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор

Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳисор ҷойгир шудааст.

Ба Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор бо воситаи автомобил, автобус рафтан мумкин аст.

«Мамнўъгоњи таърихию фарњангии  Њисор»  муассисаи давлатӣ буда, осорхонаест зери фазои кушод ва ќимати бењамтои таърихї, бостонї ва меъмориро бархурдор аст.   

Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурљи баланди мудаввар ќад афрохтаанд, ки ѓафсии деворњояшон зиёда аз як метр мебошад.  Бурљњо њаштогї тиркаш доранд. Дар пешоруи дарвоза ду тарафи он суфањои калон мављуданд, ки дар ин љо тўпњо меистоданд. Баъди аз дарвозаи Арк гузаштан дар ду тарафаш ќаровулхонањоро мебинем. Пас аз убури миёнсарои дар самтњои чапу рости Арк ду хоктудаи азим ба чашм мерасанд. Дар ин љо зиндонњо будаанд. Дар яке аз ин зиндонњо сарвари шўриши машњури халќї бар зидди золимони манѓит –љувозкаши балљувонї–Восеъ њангоми ба Шањрисабз барои ќатл бурданаш мањбус буд. Дар тали баландтарини тарафи рости ќалъа ќароргоњи њоким буд. Ќисмати ѓарбии начандон баланди ќалъаро «Уштурхона» ном мебурданд. Дар ин љо аспу уштурњоро нигоњ медоштанд. Дар ќисмати шимолии ќалъа майдони мудаввар воќеъ мебошад, ки «Аскархона» ном дошт. Аз Аскархона чашмаи обе зањида мебарояд.

Дар гирду атрофи мамнўъгоҳ иншоотҳои замонавӣ мавҷуд буда, қаҳвахонаву тарабхонаҳо низ  ҳаст. Ба меҳмонон роҳбаладон ва таърихшиносон дар бораи таърихи мамнўъгоҳ маълумотҳои саҳеҳ пешниҳод менамоянд.

Мехмонхонахо

Hotel Shumon 3*

Меҳмонхонаи «Шумон» дар шаҳри Душанбе, дар масофаи 2,9 км аз роҳи кабелии Душанбе ҷойгир аст. Он дорои маркази фитнесс, таваққуфгоҳи ройгони хусусӣ, тарабхона ва бар

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Тиргон

Тиргон ё ҷашни пухтани гандум дар замони тамаддуни арийҳо ҷашн гирифта мешуд. Тибқи ҳисоби григорианӣ он ба оғози моҳи тақвимӣ рост меояд ва ба 3

Муфассалтар »
Uncategorized

Қалъаи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор — ёдгории қадимаи Осиёи Марказӣ мебошад. Он зиёда аз 3000 сол дорад ва он ҳамагӣ дар 30 км аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Муфассалтар »