Мамнӯъгоҳи Бешаи Палангон, ноҳияи Дустӣ

Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар сарҳади ҶИ Афғонистон, дар саргаҳи дарёи калонтарини Осиёи Миёна – дарёи Ому мавқеъ гирифтааст ва масоҳати имрӯзаи мамнуъгоҳ ба 49786 га баробар аст. Ҳудуди мамнуъгоҳ асосан дар марзи заминҳои ноҳияҳои Дусти, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон аст. Маркази идории он дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ воқеъ гардида аз маркази ноҳия дар масофаи 8-9 км ҷойгир мебошад. Қишри мамнунгоҳ нисбатан ҳамвор буда онро баландиҳои теппаҳои Қародум, Қашқақум, Буритоғ, водиҳои дарёи Вахш ва Панҷ ишғол намудаанд. Қисми соҳили чап, ки ба регзори Қашқакум ворид мегардад, то 530 м баланди дорад. Нуқтаи баландтарини мамнуъгоҳро кӯҳҳои Хоҷақозиён ташкил медиҳанд, ки баландии он аз 1000 то 1200 м мерасад. Даромадгоҳи асосии он дар қисми шимолӣ ҷойгир аст. Масоҳати зиёда аз 4000 га мамнуъгоҳро обанборҳо ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар мамнуъгоҳ 20 кӯл мавҷуд аст.

Таърихи Мамнӯъгоҳ

Мамнуъгоҳи давлатии Бешаи Палангон калонтарин мамнуъгоҳ дар ҷумҳурӣ буда 4 ноябри соли 1938 ташкил гардидааст. Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” нахустин мамнуъгоҳи табии давлатии Тоҷикистон мебошад. Соли 1938 масоҳати он 50 ҳазор га-ро ташкил медод. Солҳои 1945-1946 масоҳати мамнуъгоҳ то 7 ҳазор га кам карда шуд, соли 1951 бошад масоҳати он 27000 га илова карда гардид. Аммо дар натиҷаи азхудкунии заминҳои водии Вахш соли 1953 қаламрави он 21000 га кам карда шуд. Баъдан тибқи қарори Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 09.05.1959 масоҳати мамнуъгоҳ 41000 га муқарар гардида он ба ихтиёри Комитети хоҷагии ҷангали ҶШС Тоҷикистон интиқол карда шуд.

Табиати Мамнӯъгоҳ

Дар мамнуъгоҳ 45 намуди ҳайвоноти ваҳшӣ, 214 намуди паранда, 8 намуд морҳо ва 5 намуди калтакалосҳо вуҷуд доранд.Намуди моҳии релективии “белбинии Амударё” (лопатонос) дар ҳудуди мамнуъгоҳ ба назар мерасад, ки он танҳо дар қитъаи Осиё, дар ҳавзаи дарёҳои Амую Сир ва дар Амрикои Шимолӣ, дар ҳавзаи дарёи Миссисипи вомехурад. Ба ғайр аз ин дар мамнуъгоҳ боз 19 намуди дагари моҳиҳо ба монанди; белмоҳӣ, сангмоҳӣ, гамбузия ва ғайраҳо мавҷуданд.

Иқлими мамнӯъгоҳ континенталӣ ва хушк ҳисобида мешавад. Ҳарорати миёнаи солона +14 , +17 дараҷа, ҳарорати сардтарин моҳ (январ) + 2 ва 0 дараҷа, гармтарин (июл) + 28 +32 дараҷа аст. Тобистон моҳи май оғоз ёфта, то нимаи моҳи сентябр давом мекунад. Дар ин давра депрессияи ҳароратӣ ҳукмфармост. Ҳарорати баландтарин, моҳи июл баъзан ба + 46-48 дараҷа мерасад. Зимистонҳо на он қадар сард ва кӯтоҳанд. Дар мамнуъгоҳ тақрибан 40 кӯл бо чунин хусусиятҳо мавҷуд аст. Онҳоро растаниҳои зичи афзоишёфтаи обӣ фаро гирифтаанд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба мамнӯъгоҳ

Ба мамнӯъгоҳи Бешаи Палангон бо қатор, таксӣ ва мошин аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар расидан мумкин аст. Даромадгоҳи мамнӯъгоҳ дар масофаи 7 км аз ноҳияи Дӯстӣ ҷойгир аст. Мамнӯъгоҳ инчунин осорхонае дорад, ки дар он ҷо сайёҳон метавонанд дар бораи таърихи мамнӯъгоҳ ва экосистемаҳои он маълумот гиранд.

Вилояти Хатлон

Сарбанди НБО Норак

Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Шоҳи Хомӯш

Мақбараи Шоҳи Хомӯш ёдгории таърихию меъмории асри XV-XVI буда. дар деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминобод ҷойгир шудааст. Номи Шоҳи Хомуш дар бисёр маъхазҳои таърихӣ аз асри

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Panjakent Plaza Hotel 3*

Меҳмонхонаи Panjakent Plaza дар шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Он дорои тарабхона, велосипедҳои ройгон, бар ва як утоқи муштарак мебошад. Дар сайт боғ ва террас мавҷуд

Муфассалтар »