Қасри Арбоб

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст.

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» бо ташаббуси Корманди шоистаи давлатӣ, Қаҳрамони ду каратаи меҳнати сотсиалистии Иттиҳоди Шўравӣ- Саидхоҷа Ўрунхоҷаев сохта шудааст.  Маҳз дар ҳамин Қаср соли 1992 сессияи ҳаётбахши таърихӣ барои халқи Тоҷикистон – Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Қаср айни ҳол ҳамчун иншооти таърихӣ ва мавзеи тамошобобу сайёҳии сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ва дигар минтақаҳо маҳсуб меёбад.

Дар гирду атрофи қаср иншооти зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳон сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон, дар гирду атроф қаҳвахона ва ошхонаҳо мавҷуд аст.

Uncategorized

Қуллаи Энгельс

Қуллаи Энгельс дар қисми марказии қаторкӯҳи Шоҳдара ” дар ҷанубу ғарби Помири Тоҷикистон дар баландии 6510 м ҷойгир аст. Дар пойгоҳи шимолии қулла пиряхи Назпар

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Тахти Сангин

Тахти Сангин макони машҳури таърихӣ дар тамоми Тоҷикистон аст. Он дар масофаи 34 км дуртар аз ноҳияи Қабодиён дар омезиши ду дарё, яъне Вахш ва

Муфассалтар »